ДОВАРОН ВА МУРАББИЁНИ ТОҶИК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД

Август 26, 2009 16:12

                Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 16 то 21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кстоваи Федератсияи Россия семинарии байналмилалӣ барои доварон ва мураббиёни гуштини намуди самбо баргузор гардид.                Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ хабар доданд, дар семинари номбурда мураббиёни тоҷик Маҳмуди Абдулло ва Фарҳод Раҳматуллоев иштирок намуда, аз тарафи Федератсияи байналмилалии самбо соҳиби сертификати доварӣ ва мураббигӣ гардиданд.                  Инчунин, дар доираи семинар мусобиқаи 39-уми байналмилалӣ оид ба гуштини самбо баргузор гардид.                 Дар мусобиқаи номбурда ду варзишгари тоҷик Санҷар Сарфарозов ва Беҳрӯз Сабзалиев иштирок намуданд. Санҷар Сарфарозов дар вазни 100 кг. ҷои сеюмро ишғол намуда ба медали биринҷӣ сарфароз гардид.                   Беҳруз Сабзалиев бошад дар қатори панҷ варзишгари беҳтарини ин мусобиқа шомил гардид.

Август 26, 2009 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид