ДУ ҚАЛЛОБ АЗ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Август 24, 2009 15:53

                   Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии н. Сино — 2-и шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2008 истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав, Фирӯза Ниёзова ба боварии шаҳрванд, истиқоматкунандаи кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе Сӯҳроб Идиеви 34 сола даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ 20 ҳазор евро ба даст меорад. С. Идиев ба шӯъбаи корҳои дохилии н. Сино — 2-и шаҳри Душанбе барои барнагардонидани маблағи гирифташуда бо ариза муроҷиат мекунад. Нисбати қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.                    Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур, нисбати истиқоматкунандаи дигари ноҳияи Шаҳринав Хурсаной Саидова, соли таваллудаш 1943, бекор, ки бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванд Ҳалима Шокирова, истиқоматкунанди кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе, соли таваллудаш 1961, 3 200 доллари амрикоӣ ба даст овардааст, парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Август 24, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад