Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ШИНОСОНИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ЯК СИЛСИЛА БИНОҲОИ ЗАМОНАВӢ

Август 28, 2009 08:35

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими шиносонии лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кули Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, иштирок намуд.                Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати «Қатарӣ Диёр-Тоҷикистон» бо номи Диёри Душанбе маҷмааи як қатор биноҳои нав бо тарҳу намои замонавӣ бунёд хоҳанд ёфт. Маҷмаа дар майдони 6,8 гектар доман паҳн намуда, ин мавзеъро ба як шаҳраки зебои муосир табдил хоҳад дод.                Маҷмааи Диёри Душанбе аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаи 5-ситорадор, марказҳои корӣ ва маъмурию тиҷоратӣ, тарабхона, қаҳвахона ва чойхона, мактаб ва боғчаи кӯдакон ва ҳамчунин аз гулгашту сайргоҳҳои дилнишин иборат хоҳад буд.  Дар ин ҷо 5 бинои аз 10 то 16 — қабатаи истиқоматӣ бунёд меёбанд, ки иборат аз 331 хона хоҳанд буд. Меҳмонхона дорои 128 утоқи зист, толори маҷлисии иборат аз 400 то 600 ҷойи нишаст, тавақӯфгоҳи мошинҳо хоҳад шуд ва бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зербинои он ҳамчунин марказҳои тиббию солимгардонӣ ва фароғати муштариён низ бунёд меёбанд.                Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди биноҳо ҳамчунин унсурҳои меъмории миллии тоҷикӣ ва дастовардҳои муосири технологияҳои сохтмонӣ истифода хоҳанд шуд.                Лоиҳаи сохтмони маҷмааи мазкур харҷи 150 — 180 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати «Қатарӣ Диёри Тоҷикистон» — ро пешбинӣ менамояд.                Сохтмони биноҳо, тибқи мувофиқа, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон анҷом меёбад. Дар бунёди биноҳои маҷмааи номбурда қариб 600 нафар бинокорони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Баъди ба кор шурӯъ намудани меҳмонхона ва дигар иншооти ҷамъиятӣ дар онҳо барои беш аз 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳанд шуд.                 Хотиррасон бояд намуд, ки қатарӣ Диёр яке аз ширкатҳои сохтмонии Давлати Қатар буда, бо имкониятҳои фарохи молиявӣ ва корҳои хушсифату босуръати худ обурӯю эътибори баланди ҷаҳонӣ дорад ва мувофиқахо барои ҷалби ин ширкат ба Тоҷикистон дар сатҳи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва шайх ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба даст омада буданд.                  Ба иттилои раиси кулли он Ғаним ибн Саад ас-Саад ширкати қатарӣ Диёр дар 35 давлати ҷаҳон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дорад, вале ба ин лоиҳа, ба гуфти ӯ, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ таваҷҷӯҳи хос дорад.                 Таъкид гардид, ки сохтмони ин биноҳо моҳи сентябри соли равон оғоз ёфта, дар якҷоягӣ бо бинои як бонк ва сафоратхонаи Давлати Қатар дар мӯҳлати ду соли оянда, то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода супурда мешаванд.      Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин танҳо оғози ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва бунёдкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар аст.                  Зимни сӯҳбатҳо дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фароху умедбахш арзёбӣ гардид.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Август 28, 2009 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад