ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ЧӢ ГУНА ИДОРА КАРДА ШАВАД?

Август 28, 2009 09:41

                   Душанбе, 28август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Душанбе оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқи идоракунии бахши энергетикии Тоҷикистон вохўрии кории байналмилалӣ баргузор мегардад.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, тадқиқот аз тарафи Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, коршиносони соҳаи энергетика, қонунгузорӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ гузаронда шудааст. Дар вохўрии корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои энергетикӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, намояндагони ширкатҳои энергетикии хориҷӣ иштирок мекунанд.                    Дар чаҳорчўбаи вохўрӣ ҳисоботи гурўҳи тадқиқотӣ оид ба Тоҷикистон, ки идоракунии бахши энергетикиро дар мамлакат, инчунин дараҷаи иштироки аҳли ҷомеа, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии раванди сиёсиро дар идоракунии энергетикаи барқӣ, арзёбии идоракунии бахши энергетикаи барқӣ, ҷанбаҳои иҷтимоиро дар бахши энергетикаи барқӣ инъикос менамояд, пешниҳод карда мешавад.                    Институти Умумиҷаҳонии Захираҳо (Вашингтон, ИМА), Институти Миллии «Молия ва сиёсати ҷамъиятӣ» (Ню-Деҳли, Ҳиндустон) ва Прайяс Энерджи Групп (Пуна, Ҳиндустон) барои арзёбии самаранокии идоракунии бахши таъмини барқ таҳти унвони «Electricity Governance Indicator Toolkit" (EGI) маҷмўи индикаторҳоро таҳия намудаанд.      Маҷмўи индикаторҳои EGI аз гурўҳи масъалаҳое иборат аст, ки ба принсипҳои зерини идоракунии самарабахш мансуб мебошанд: шаффофият, иштирок, ҳисоботдиҳӣ ва иқтидор барои қабул намудани қарорҳо. Онҳоро дар ҳамаи мамлакатҳо сарфи назар аз вазъи сиёсию иқтисодиашон дар амал татбиқ кардан мумкин аст.   

Август 28, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд