ФИЛМИ НАВ ДАР БОРАИ ИСКАНДАРКӮЛ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Киносозони киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифтани филми мустанадро дар бораи Искандаркӯл сар карданд. Филми мазкур дар бораи кӯҳҳои баланди Тоҷикистон, шаршараҳо, чашмаҳо ва дар бораи яке аз мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон-Искандаркӯл нақл мекунад. Коргардони филм Саидҷон Қодирӣ зикр кард, ки тибқи намоишнома, филм 20 дақиқа давом мекунад. Дар ҷараёни филм олимони таърихшинос дар бораи таърихи илмии пайдоиши Искандаркӯл маълумот медиҳанд, сайёҳон таассуроташонро аз тамошои ин гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон баён мекунанд. Филм ба тамошобинон имкон медиҳад, ки ба ин гӯшаи дурдасти мамлакат сафар накарда, аз тамошои манзараҳои нотакрори гирду атрофии Искандаркӯл баҳра бардоранд. Тарҷумаи зебо Иноятова








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






