ГӮШТИНИ МИЛЛИ БАХШИДА БА ХОТИРАИ АБДУМАННОН ЗОКИРОВ

Август 6, 2009 12:15

                    Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ба мақсади тарғиби гӯштини миллӣ байни ҷавонон дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз 8 то 9 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Хонақои кӯҳи ноҳияи Ҳисор мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ бахшида ба хотираи Абдуманнон Зокиров баргузор мегардад.                     Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқай варзиши аз синни 18 сола боло роҳ дода мешаванд. Дар он аз руи вазни 55, 60, 65, 70, 75, 80,86, 95 кг боло қувваозмоӣ мекунанд.                     Дар мусобиқай номбурда аз ВМКБ 1 даста, вилояти Суғд 1 даста, вилояти Хатлон 2 даста, шаҳри Душанбе 2 даста, ноҳияи Ёвон 1 даста, ноҳияи Варзоб 1 даста, водии Рашт 1 даста, ноҳияи Рӯдакӣ 1 даста, шаҳри Ваҳдат 1 даста, ноҳияи Ҳисор 2 даста, шаҳри Турсунзода 1 даста, шаҳри Роғун 1 даста иштирок мекунанд.                    Ғолибони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи гӯштини миллӣ, сарпарастон ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Ҳисор сарфароз гардонида мешаванд.

Август 6, 2009 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад