ГОВДУЗД АЗ ДЕҲАИ ҚУЛОБОД

Август 26, 2009 15:08

                  Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 25 августи соли ҷорӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон аз номи истиқоматкунандаи деҳаи Ғарави ноҳия Исмат Тӯрдиев, соли таваллудаш 1965, коргари заводи «Кимиёи тоҷик» ариза ворид шуд, ки дар он гуфта мешуд: шаби 24 август, шахсони номаълум аз чарогоҳ воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ғарав, ҷамоати Даҳана як сар ҳайвони калони шохдори ӯро, ки арзишаш 1 500 сомонӣ мебошад дуздидаанд.                   Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сафаралӣ Қаюмов, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Қулобод дастгир карда шуд, ки дар дуздии ду ҳайвони калони шохдори, арзишашон 3 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста шудааст.

Август 26, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид