ХАЛТАИ СЕҲРНОКИ Ҳ. НУРМАТОВ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар рафти амалиёти «Кӯкнор — 2009» аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷ. Расулов шаҳрванд Ҳадятулло Нурматов, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи мазкур, дастгир шуд. Номбурда дар замини назди ҳавлигиаш 15 бех ниҳоли бӯи махсус доштаро ғайриқонунӣ парвариш кардааст, инчунин аз даруни хонааш як халта растании хушккардашудаи дорои маводи бӯи махсус ёфт шуд. Шӯъбаи ташхиси криминалистии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд муайян кард, ки 15 бех растанӣ — бангдона буда ба шаҳрванд Ҳ. Нурматов тааллуқ доштааст. Ҳамчунин ташхиси криминалистӣ муайян намуд, ки маводи халтаи дарёфт кардашуда, ки вазнаш 480 граммро ташкил медиҳад, бангдона мебошад. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






