ХИЗМАТРАСОНӢ БА ШАРАФИ ИДИ РАМАЗОН

Август 20, 2009 10:15

                       Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҷамъияти саҳҳомии алоқаи телефонии мобилии «Таком» ба истиқболи иди Рамазон ба мизоҷони худ намуди нави хизматрасониро пешниҳод менамояд. Менеҷери масъалаҳои робита бо ҷомеаи ҷамъияти саҳомӣ Марина Рожкина ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мизоҷони ширкат дар давоми моҳ метавонанд аз хизматрасонии алоқаи телефонӣ таҳти унвони «Тақвими рӯза» истифода бурда, тақвими моҳи рамазон, ҷадвали оғозу анҷоми моҳи рамазон, вақти хондани намозҳо, инчунин намунаҳо аз оятҳо ва сураҳои Қуръон, ва ҳадисҳои пайғамбарро дар телефони худ сабт намоянд.                      М.Рожкина афзуд, ки мо бо ин роҳ ба мизоҷон хизматҳои муфид ва мароқоварро пешниҳод мекунем.                      Барои сабти маводи зикршуда тавассути калимаҳои «Рӯза» (бо ҳарфҳои кириллӣ) ва калимаи «Рӯза» (бо ҳарфҳои лотинӣ) бо рақами 9999 хабар додан лозим аст. Хабари ба қайд гирифташуда дар давоми моҳи Рамазон эътибор дорад. Арзиши хизматрасонии мазкур 0,60 доллар мебошад.                      Инчунин дар давоми моҳи Рамазон дар байни мизоҷони ширкат викторина гузаронида хоҳад шуд. Ба ғолибони он аз тарафи ширкат мукофотҳои гуногун дода мешавад.

Август 20, 2009 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад