ХОНАҲОИ НАВ БА КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Дар арафаи иди 18-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Спортивная, 5 бинои нави истиқоматии панҷошёнаи 72 хонадор ба истифода дода мешавад. Дар ин бино асосан кормандони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ хоҳанд кард. Муовини раиси Кумита Самад Ҳикматов зикр кард, ки бинои мазкур мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ сохта шуд. Бинои мазкур бо маблағи Кумитаи тетевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. Ин баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин биноест, ки бо маблағи як ташкилот сохта ба истифода дода мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






