ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ СММ АНҶОМ ЁФТ

Август 3, 2009 10:33

                   Женева, 3 август. (АМИТ «Ховар» — Фарғона. ру.). — Дар Женева иҷлосияи 96 — уми Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ анҷом ёфт. Бояд гуфт, ки дар он ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонистанд.                    Дар иҷлосия масъалаи эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсию шаҳрвандии инсон дар Танзания, Нидерландия, Чад, Озарбойҷон, Аргентина, Эквадор, Мексика, Зеландияи Нав ва Ӯзбекистон муҳокима шуданд. Як қисми ин мамлакатҳо дар бораи эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳисоботи миллӣ ва хулосаи кормандони кумитаҳои дахлдори СММ — ро пешниҳод намуданд. Дар иҷлосия роҳбари Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон Акмал Саидов иштирок дошт.                   Хабар дода мешавад, ки маърӯзаи Ӯзбекистон дар бораи эҳтироми ҳуқуқи инсон дар иҷлосияи кумитаи мазкур соли 2010 шунида ва муҳокима карда мешавад.                    Мушоҳидон ва коршиносони СММ бори дигар таъкид карданд, ки дар Ӯзбекистон мисли пештара ҳодисаҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон ва беасос ҷазо додани шаҳрвандон мушоҳида карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис Ҳукумати Ӯзбекистонро даъват намуданд, ки ҳамаи ӯҳдадориҳои мувофиқи Муоҳидаи байналхалқии эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсию шаҳрвандии инсон ба зимма гирифтаашро иҷро кунад.                    Ӯзбекистон Муоҳидаи байналхалқии эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии инсонро соли 1995 ба тасвиб расонда буд. Ёдовар мешавем, ки намояндаи Ӯзбекистон дар СММ духтари калонии президенти ҷумҳурӣ Гулнора Каримова мебошад.                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.   

Август 3, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад