ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова).- Дирӯз дар Кохи Борбад намоишгоҳи байналхалқии «Рушди иқтисодии Афғонистон» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии он намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 120 ширкату корхонаҳои Афғонистон иштирок доранд. Онҳо маҳсулоти худ, аз ҷумла гилему қолин, молҳои сермасриф ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ҳузур дошт. Намоишгоҳ то 6 август идома меёбад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






