ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ ҒАЙРИМУҚАРРАРИИ ЭНЕРГИЯ

Август 27, 2009 09:50

                   Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Маркази таҳқиқу истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Пажӯҳишгоҳи физикию техникии ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар доираи барномаи умумии истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, дарёҳои хурду миёна, офтоб, шамол, гармии обҳои зеризаминӣ ва ғайра таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешавад. Кормандони пажӯҳишгоҳ айни ҳол роҳу усулҳои истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррии энергияро таҳқиқ менамоянд.                  Директори марказ Қурбонҷон Кабутов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ роҳу усулҳои истифодаи қувваи офтоб, қувваи об, фотоэлементҳо, қувваи шамол ва партови саноати озуқаворӣ барои истеҳсоли қувваи барқ ва гармӣ санҷида мешаванд.                  Дар доираи барномаи мазкур се дастгоҳ — бухории барқии офтобӣ, дастгоҳи обгармкунандаи офтобӣ ва дастгоҳи табдилдиҳандаи қувваи офтоб ба қувваи барқ сохта шуданд ва ба тариқи таҷриба дар худи пажӯҳишгоҳ истифода карда мешаванд.                  Қ.Кабутов афзуд, ки мувофиқи қарордоди бо Хазинаи Оғохон имзошуда дар баъзе ноҳияҳои Кӯҳистони минтақаи Кӯлоб аз манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинг 15 бунгоҳи фотоэлектрикии барқӣ, чор дастгоҳи шамолии истеҳсолкунандаи қувваи барқ ва чор системаи истеҳсолкунандаи газ аз партови озуқаворӣ сохта шудаанд ва ояндаи наздик ба кор дароварда мешаванд. Мутахассисони мо ба аҳолии маҳаллӣ роҳу усулҳои истифодаи дурусти технологияи нави ба даст овардани қувваи барқ ва гармиро аз манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия меомӯзанд, гуфт дар хотима Қ.Кабутов.                                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 27, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд