ИЗҲОРОТИ НАВБАТИИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттиҳоди миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон ва созмони «Медиа Алянс» — и Тоҷикистон чунин изҳор менамоянд, ки боздоштани фаъолияти радиои мустақили «Имрӯз» ғайри қобили қабул мебошад. Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар изҳороти худ таъкид мекунанд, ки новобаста ба сабабҳои қабули чунин қарор, иқдоми мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун маҳдуд намудани озодии воситаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ намуда, ба шӯҳрат ва обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд. Бояд гуфт, ки барномаҳои радиои «Имрӯз» дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат садо медиҳанд. Радиои мазкур, илова бар ин дар давоми ду соли фаъолияташ ба туфайли ба роҳ андохтани муносибати нав ба эҷоди барномаҳо, сари вақт инъикос намудани рӯйдодҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ва риояи принсипи гуногунандешӣ дар байни аҳолӣ шӯҳрати калон пайдо кардааст. Аз охири моҳи июли соли равон сар карда, дар бобати паҳн намудани мавҷҳои радио душвории нав ба миён омад ва фаъолияти радиои «Имрӯз» аз 11 август пурра боздошта шуд. Кормандони масъули «Телерадиоком» ин проблемаро бо сабабҳои техникӣ вобаста мешуморанд, вале роҳбарияти радиои «Имрӯз» даъвоҳои онҳоро беасос мешуморад. Қайд карда мешавад, ки ҳадафи асосии ин иқдом эҷод кардани монеа ба фаъолияти радио мебошаду халос. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» қазияи бо радиои «Имрӯз» рухдодаро шарҳ дода, зикр намуданд, ки антенаи пахшкунндаи мавҷҳои радиои «Имрӯз» дар теппаи Гусхори ноҳияи Варзоб насб карда шудааст. Ба воситаи ҳамин антенна мавҷҳои стансияҳои дигари радиои ҷумҳурӣ низ пахш карда мешаванд. Дар ин ҷо таъкид карданд, ки масъулияти пахши мавҷҳои радиои «Имрӯз» пурра ба зиммаи роҳбарияти он гузошта мешавад. Дар изҳороти созмонҳои журналистӣ омадааст, ки радиои «Имрӯз» дар давоми ду соли фаъолияташ борҳо ба мушкилоти пахши мавҷҳояш рӯ ба рӯ гардида буд. Созмонҳои журналистии мамлакат ҳамаи ҷонибҳоро даъват мекунанд, ки «проблемаи мазкурро дар доираи қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳал намоянд».








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






