КӮМАК БА КӮДАКОНИ МАЪСУМ ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии «Ориёно»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба 50 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои №1-и шаҳри Душанбе кӯмак расонида шуд. Кӯмак аз либос ва маводи ғизоӣ иборат буд. Бояд зикр кард, ки либосҳое, ки ба 50 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои №1 ҳадя гардид, маҳсули дастони чеварҳои Маркази омӯзишии хаётӣ аст, ки бо ибтикори намояндагии Кумитаи имдод дар назди Маркази фарҳангии «Ориёно» кушода шудааст. Бояд зикр кард, ки дар Хонаи бачаҳои №1- и пойтахт беш аз 100 нафар бачаҳои бепарастор ва ятим ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибқи иттилои мудири намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ, масъулини Кумита тасмим гирифтаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои марбутаи Тоҷикистон дар як қатор хонаи бачаҳо, мактаб -интернатҳо ва хонаҳои кӯҳансолон маъракаи ифтор ташкил намуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонад








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






