КӮМАК БА ОСЕБДИДАГОНИ САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ

Август 13, 2009 11:33

                         Кӯлоб, 13 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Ширкатаи суғуртаи давлатӣ ба беш аз 70 нафар ронандагоне, ки воситаҳои нақлёташон дар садамаҳои нақлиётӣ осеб дидааст, ҳудуди 80 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд. Саидумар Сафаров, сардори ширкати суғуртаи давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, кӯмаки суғуртавӣ ба ронандагон дар ҳолест, ки дар самти ҷалб намудани онҳо барои сӯғуртаи давлатӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.                         Дар ҳамин ҳол аксари ронандагони воситаҳои нақлиёт мегӯянд, онҳоро маҷбуран ҳангоми дуруст намудани ҳуҷҷат дар Бозрасии давлатии автомобилӣ аз қайди суғуртаи давлатӣ мегузаронанд, вале ҳангоми ягон фалокат масъулин аз пардохти суғурта бо ҳар баҳона сарпечӣ менамоянд. Масъулини ширкати суғуртаи давлатӣ мегӯянд, таи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳама беш ба воҳидҳои кишоварзӣ, ки аз офатҳои табии зарари ҷиддӣ дида буданд, кӯмаки суғуртавӣ намудаанд. Ба қавли Сафаров кӯмаки суғуртавие, ки ба воҳидҳои кишоварзӣ пас аз зиён дидан расонидаанд, маблағи 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ солҳои ахир воҳидҳои кишоварзӣ маблағи суғуртаи ҳатмии давлатиро пардохт наменамоянд.   

Август 13, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад