КӮМАК БА ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ЯКУМ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Шӯъбаи созмони байналмилалии пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон дар бобати омода сохтани бачагони хурдсол ба мактаб тадбирҳои судбахш меандешад. Коранди пажӯҳишгоҳи мазкур Таҳмина Раҷабова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи асосии ин маърака расондани кӯмак ба талабагони синфҳои якум ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар арафаи соли нави таҳсил мебошад. Дар доираи маърака ба 350 талабаи синфи 1 — ум кӯмаки моддӣ расонда хоҳад шуд. Ба хар кадоми онҳо асбобу анҷоми хониш, китобҳои дарсӣ, сумка, дафтари машқи хат, қаламу ручка ва ғайра дода мешавад. Чунин кӯмак ба талабагони 25 мактаб ва 18 муассисаи баачагонаи томактабии минтақаи Кӯлоб расонда хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






