КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН

Август 7, 2009 17:03

                    Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Имрӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағи иловагӣ барои тармими роҳи мошингарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон баргузор гардид. Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Микото Оҷиро имзо намуданд.                    Бояд гуфт, ки созишнома барои даври дуюми тармими роҳи мошингарди мазкур ба имзо   расид.                    Мувофиқи он тармими қисмати роҳи мошингарди мазкур аз Обигарм то Нуробод, роҳи эҳтиётии давродавр дар километри 110 -112, беҳтар сохтани сифати қитъаи марказии байни Нуробод ва Нимич ва тармими қитъаи роҳи наздисарҳадии Қарамиш пешбинӣ карда мешавад. Умуман дар доираи созишномаи мазкур 127 километр роҳи асосӣ ва 7 километр роҳи иловагӣ тармим карда хоҳад шуд.                    Бонки рушди Осиё барои иҷрои корҳои даври дуюми тармими роҳи мазкур 20 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бобат 5 миллион доллари ИМА мебошад. Тибқи нақша тармими роҳ бояд то 31 декабри соли 2011 анҷом ёбад. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 7, 2009 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад