КӮМАКИ ТЕХНИКӢ БА ТОҶИКИСТОН

Август 12, 2009 12:04

                   Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Маркази байналмилалии тиҷоратӣ бо кӯмаки молиявии Котиботи давлатии иқтисодии Швейтсария ҳамроҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон барномаи нави расондани кӯмаки техникиро ба ҷумҳурии мо дар бобати таъмини пешрафти саноати бофандагию дӯзандагӣ мавриди иҷро қарор медиҳанд. Барномаи нави расондани кӯмаки техникӣ қисми сеюми нақшаи «Рушди соҳаи тиҷорат дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон» мебошад. Барои иҷрои он се миллиону 660 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Барнома бояд то охири соли 2011 иҷро карда шавад. Ҳадафи асосии он вусъат додан ва таъмини пешрафти соҳаҳои тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи истеҳсоли маҳсулоти бозоргири саноати бофандагию дӯзандагӣ мебошад.

Август 12, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад