КАРАҶ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОДАРИ ХУДРО МЕҶӮЯД
Душанбе, 11 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар назараст, ки шаҳри Караҷи Эрон бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон риштаи бародаршаҳрӣ пайвандад. Ин масъала дар ҷаласаи анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, ки дар муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон бо ҳузури муовини раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Аҳмадпур ва намояндаи шаҳрдории Караҷ Аҳмадӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Назар ба иттиллои коршиноси тоҷик дар умури фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, бародаршаҳр намудани Хуҷанду Караҷ иқдоми шаҳрдори Караҷ буда, он метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва иртибототи ин шаҳрҳо мусоидат намояд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик як ҳайат аз шаҳри Хуҷанд бо даъвати шаҳрдори Караҷ ба ин шаҳр сафар намуда, тафоҳумномаи бародаршаҳриро ба имзо хоҳанд расонд. Ҳамзамон яке аз хиёбонҳои шаҳри Караҷ Хуҷанд номгузорӣ хоҳад шуд. Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Караҷ яке аз шаҳрҳои саноатии Эрон буда, аҳолияш 3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Караҷ вожаи форсӣ буда, маънояш кушода ва ҳуй аст. Ин шаҳр дар масофаи 30 километрии қисмати ғарбии Теҳрон воқеъ мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






