КИТОБИ НАВ АЗ ҲАЁТИ ШАХСИЯТИ НАҶИБ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Адиб» китоби нависанда, публисисти маъруфи тоҷик Усмонҷон Ғаффоровро таҳти унвони Абдулаҳад Қаҳҳоров аз чоп баровард. Китоб дар бораи зиндагиномаи ходими намоёни давлатӣ, сиёсатмадори хирадманд, олим ва шоир Абдулаҳад Қаҳҳоров нақл мекунад. Муаллиф ба маводу ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, хотироту ёддоштҳои фарзандон, дӯстон ва ҳамсафону ҳамкорон, инчунин асару мақолаҳои шодравон А. Қаҳҳоров такя намуда, китобро такълиф кардааст. Мавриди зикр аст, ки Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки хатмкардаи Техникуми техникии Қӯқанд буд, фаъолияти кориашро дар синни 17-солагӣ(С. 1930) аз ҳамин шаҳр оғоз карда, сипас ба ҳайси раиси Кумитаи бинокорони Конибодом, раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Конибодом, котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, роҳбари байниноҳиявии Тоҷиктранс дар Панҷакент, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Панҷакент ва муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Панҷакент» фаъолият кардааст. Фаъолияти меҳнатии Абдуаҳад Қаҳҳоров дар Душанбе соли 1956 аз муовини Раиси Совети Вазирон оғоз гашта, пасон ӯ дар вазифаҳои раиси Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1961-1973 Раиси Совети Вазирон ва дар Айни замон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, соли 1984 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузаштааст. Гуфтанист, ки бузургдошти абармардони миллат худшиносию худогоҳии миллиро меафзояд. Аз ин рӯ, Усмонҷон Ғаффоров бо мақсади офаридани зиндагиномаи абармардони миллати тоҷик тасмим гирифтааст, ки зиндагиномаи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Назаршо Додхудоев, Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва амсоли инҳоро дар силсилаи китоби «Ҳаёти одамони наҷиб» ба нашр расонад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






