КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» таҳти унвони «Шахсяти Имоми Аъзам ва осори ӯ дар рушди ҷомеа» ҷамъомад баргузор гардид. Дар маҳфил устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Довудхон Аълоев ва Сулаймон Давлатов оид ба шахсият ва нақши Имоми Аъзам маърӯза карданд. Зикр гардид, ки шахсияти ҳаммилати мо Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит на танҳо дар олами ислом, балки дар тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки рӯзҳои наздик бо маблағгузории ин бонк як асари пурмӯҳтаво оид ба ҳаёт ва таълимоти Имоми Аъзам нашр хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






