КОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, 19 августи соли равон кормандони гумруки раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе боз як ҳодисаи қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд. Кормандони гумрук ҳангоми ба расмият даровардан ва тафтиши бору бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Душанбе-Москва шаҳрванди Тоҷикистон Абдуҷалил Усмонови 31 соларо боздошт намуданд, ки дар интиқоли ғайри қонунии маводи нашъовар тавассути сарҳади гумрукии ҶТ гумонбар дониста мешавад. Дар рафти кофтуков аз зери либосхои Усмонов 4 бастаи селофанӣ бо маводи рангаш сеёҳчатоби бӯӣ махсусдошта ёфт шуд. Мутобиқи ташхиси лабораторӣ ин маводи нашъаовари дарёфткарда шуда навъи хашиш буда, вазнаш 906,4 грамм мебошад. Нисбати А.Усмонов парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд ва барои тафтиш ба прокуратураи нақлиётии ҶТ фиристода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Хукумати ҶТ хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






