КОМПЮТЕРКУНОНИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 22 августи соли ҷорӣ, аз тарафи Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, ба Раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсимоти 234 адад ва ба вилояти Хатлон 305 адад таҷҳизот компютерӣ, аз қабили принтер, факс ва ғайра оғоз гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод, нахустин компютерҳо ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон расонда шуд, ва рӯзи 25 август бошад, қисмати ҷудогашта барои вилояти Суғд расонда мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин компютерҳо барои баҳисобгирии ҳолатҳои табобат шуда, шумораи беморони муроҷиат карда, хароҷоти тиббию санитарӣ ва корбарии молиявӣ хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошанд. Бо воридкунии техникаи нав ва компютерикунонии ахбороти воридшуда, кори мутахасисон ва кормандони муассисаҳои табобатии вилояти Суғду Хатлон беҳтар хохад гашт. Лозим ба тазаккур аст, ки кормандон ва сардухтурону муҳосибони муассисаҳои тиббӣ аз тарафи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, омӯзонда шуданд. Ин усули нави корбарии молиявӣ ва омори тиббӣ ба дигаргуниҳое, ки бо воридсозии ислоҳоти соҳа ба амал омадаанду талаби замон мебошанд, кӯмаки зиёд мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






