КОРВОНИ КИТОБ БА ВОДИИ РАШТ РАФТ
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — «Корвони китоб», ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил ёфта буд, озими ноҳияҳои водии Рашт гашт. Бо ҳамин корвон ба ноҳияҳои водии Рашт ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ 13316 нусха китоб фиристода шуд. Китобҳо дар байни мактабҳо ва китобхонаҳои минтақа тақсим карда мешаванд. Зимни сафари корвон дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт мулоқоту намоишгоҳҳо ва тадбирҳои дигари фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли гузашта ба воситаи корвони китоб ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 81 ҳазор сомонӣ бештар аз 25 ҳазор нусха китоб фиристода шуда буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






