КОРВОНИ КИТОБ- ВОРИДИ ХОРУҒ ШУД
Бадахшон, 26 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 24 август «Корвони китоб» бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ вориди Бадахшон гардид. Маросими истиқболи корвон дар ҳавлии мактаби рақами 2-и шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Рӯи ҳавлии мактабро шиору овезаҳои «Китоб маҳзани дониш», «Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот шуморида мешавад» оро медоданд. Тавре сармутахассиси Корхонаи таъмин ва савдои «китоб» Муносиб Шарипов иттилоъ дод, бори корвон 10 ҳазор нусха китоб, ки аз 132 номгӯй иборат аст ва 27 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири рушди фарҳанг эътибори ҷиддӣ медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






