КУРСҲОИ МАХСУСИ МАШҚ БО САГҲОИ БӮЙГИР
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 24 август дар шаҳри Тошканд машғулияти 5 — уми минтақавии такмили маҳорати кормандони муассисаҳои гумрук ва ҷузъу томҳои марзбон шурӯъ шуд, ки бо сагҳои бӯйгир кор мекунанд. Дар ин курсҳо ин дафъа 20 нафар намоянда аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таҳсил хоҳанд кард. Курсҳои мазкурро намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва муассисаи рушди СММ ташкил намудаанд. Курсҳои таълимии мазкур бо мақсади такмили маҳорат ва афзун гардондани донишҳои назарии кормандони муассисаҳои гумрук ва ҷузъу томҳои марзбон ташкил карда шудаанд. Сагҳои бӯйгир барои ошкор сохтани маводи нашъадор ва моддаҳои тарканда истифода бурда мешаванд. Баъди хатми курсҳо ба шунавандагони онҳо сертификати махсус дода мешавад. Машғулиятҳоро мутахассисони Мактаби махсуси сагҳои бӯйгири академияи политсияи Австрия ва коршиносони мактаби махсуси сагҳои бӯйгири Фаронса мегузаронанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






