МАҶЛИСИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

Август 12, 2009 15:27

                  Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукоти мулоқоти байналмиллалӣ бахшида ба проблемаҳои «Об» дар соли 2010 баргузор гардид.                  Мулоқоти мазкур соли оянда дар Тоҷикистон бо мақсади таҳлил ва натиҷагирӣ аз панҷсоли аввали Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷонибдории зиёда аз 140 давлати дунё эълон гардидааст, баргузор мегардад.                  Дар маҷлис аъзои гуруҳи корӣ барои баргузор намудани мулоқот дар сатҳи баланди ташкилӣ, муайян намудани таърихи баргузорӣ ва муҳлати он, таҳияи нақшаи мукаммали корӣ ва таъсис додани суратҳисоби мулоқот пешниҳодҳои муфид баён карданд.                   Бо назардошти муҳокимаву мубоҳисаҳои суратгирифта пешниҳод гардид, ки ҳайати гурӯҳи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба ташкил ва гузаронидани мулоқот байналмилалии об бо назардошти таклифу иловаҳо тасдиқ карда, барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардидани он аз тамоми имконияту захираҳо самаранок истифода бурда шавад.                  Таъкид кардан бамаврид аст, ки баргузории мулоқот байналмилалии «Об» дар соли 2010 идомаи тадбиру чорабиниҳои бузурги минтақавию ҷаҳонии дар Тоҷикистон баргузоршуда- анҷумани байналмилалии «Оби тоза» дар соли 2003, Конфронси байналмилалии ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар дар соли 2005 ва Конфронси байналмилалии коҳиши офатҳои табиии марбут ба об дар соли 2008 ба ҳисоб рафта аз болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмиллалии соҳаи об шаҳодат медиҳад  

Август 12, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад