МАҶЛИСИ ЯКҶОЯИ ВКД-И РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН

Август 25, 2009 10:53

                   Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ҳафтаи сипаригардида ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Каҳҳоров ва Сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар шаҳри Қазон бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Руссия генерал-полковники милитсия- Р.Г Нургалиев, намояндагони як қатор вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Тотористон вохўрии корӣ ба амал оварданд.                  Пас аз мулоқоти корӣ бо намояндагони Вазорату идораҳои дахлдор, 20 август ҷаласаи муштараки ҳайатҳои мушовараи ВКД-и Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилоту мақомотҳои дахлдор фаъолона ширкат варзида, як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.                  Зимни баргузории ҷаласаи кории намояндагони мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаи ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Федератсияи Росия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Росия ва шаҳрвандони Федератсияи Росия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 16 феврали соли 2004 ба тасвиб расидааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.                  Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерал-полковники милитсия- Р.Г Нургалиев, вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тотористон генерал-лейтенант А.Сафаров, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қаҳҳоров ва роҳбарони як қатор раёсату идораҳои дахлдор ҷиҳати ин масъала фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.                   Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатӣ Вазири корҳои дохилӣ А. Қаҳҳоров ва Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Девонаев бо маърўзаҳо баромад карданд.                  А. Қаҳҳоров дар маърўзаи худ таъкид бар он дошт, ки Тоҷикистон дар замони муосир яке аз кишварҳои дорои қувваи зиёди корӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 2000-ум то инҷониб теъдоди қувваи корӣ то 25 фоизро ташкил менамояд.                  Бо дархости корфармоёни Федератсияи Росия дар соли 2008 мутобиқи шартномаи тарафайн 15 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон бо ҷойҳои кории холӣ таъмин гардиданд. Аммо, бинобар сабаби сар задани бўҳрони молиявӣ дар ҷаҳон шумораи бо ҷойи кор таъминшудагон ба 8 ҳазору 621 нафар расид, ки ин дар қиёс бо солҳои пешин камтар аст.                  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Росияро роҷеъ ба таъмин намудани ҷойҳои кории холӣ ва густариши муносибатҳои Росия ва Тоҷикистон, инчунин таъсиси самтҳои афзалияноки ҳамкори миёни ҳарду кишвар, дар мавриди ташкили марказҳои муҳоҷиратӣ дастгирӣ менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур намояндагони Иттиҳоди кишварҳои мустақил, роҳбарони мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тотористон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, дар он масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар мамлакатҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Август 25, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст