МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ЖОВУД

Август 21, 2009 14:39

                 Бадахшон, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ноҳияи Ванҷ сохтмони иншооти ҷашнӣ давом дорад. Яке аз чунин иншоот бинои мактаби маълумоти ҳамагонии рақами 15-ум дар ҷамоати деҳоти Жовуд мебошад. Сохтмони он соли 2008-ум оғоз ёфта, дар марҳилаи аввал 160 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд. Соли равон бошад, барои ба анҷом расонидани сохтмони бинои мактаб боз 360 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати марказӣ ҷудо гардид. Корҳои асосӣ-деворбандӣ, болопӯш намудани бино анҷом дода шуда, ҳоло андовакунии синфхонаҳо идома дорад. Тавре муҳандиси сохтмон Зуҳуршо Мирзошоев иттилоъ дод, бинои мактаб сари вақт мавриди истифода қарор мегирад. Соли таҳсили 2010-2011 360 нафар хонандагон дар бинои нави мактаб таҳсил хоҳанд кард.  

Август 21, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад