МАКТУБҲОИ НАВИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР БА КРЕМЛ
Бадахшон, 28 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Нависанда Қурбони Аламшоҳ чанд сол қабл бахшида ба зиндагиномаи яке аз барпокунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо номи «Ҳар ҷое бошам бо тоҷикон бошам» китоби публисистиро навишта буд, ки хати сурхи онро мактуб ба унвони Сталин ташкил медод. Пажӯҳишгар мегӯяд, ки дар қатори номаи таърихии Шоҳтемур ба Сталин дар мавриди мақоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи марзбандии табартақсим рӯи кор омад ҳамчунин мактубҳои дигари ӯ ба роҳбарияти вақти Шӯравӣ ёфт шуданд, ки аз талошҳояш барои ташкили Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Ҳоло ба хотири 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур нависанда ният дорад, ки ҳамин китобро мукаммалтар гардонад. Қурбон Аламшоҳ баъди боздид аз бойгониҳои шаҳри Маскав гуфт, ки инчунин нахустин тасвири зиндаи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дастрас гардид. Онҳо дар бойгонии давлатии Симо ва садои шаҳри Красногорскии вилояти Маскав маҳфузанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






