МАШҚИ ҲАРБИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ДУШАНБЕ

Август 6, 2009 14:55

                Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Дар Душанбе бори аввал машқи ҳарбии давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ — 2009» гузаронида мешавад. Ҳадафи он беҳтар сохтани ҳамкории ҷузъу томҳои низомӣ, равнақу ривоҷи муносибатҳо, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар, дастгирии ҳамдигар дар шароити ғайримуқаррарӣ, беҳтар сохтани сатҳи омодагии қисмҳои ҳарбии мамлакатҳои минтақа ва вусъат бахшидани равобити ҳамкории ташкилоту идораҳои дахлдор мебошад. Машқи ҳарбии «Ҳамкории минтақавӣ» аз соли 1997 сар карда, дар мамлакатҳои гуногун баргузор мегардад. Машқ соли 2004 дар Олмон, соли 2005 дар иёлати Вирҷинияи ИМА, соли 2006 дар шаҳри Бишкек, соли 2007 дар шаҳри Остона ва соли 2008 боз дар Бишкек гузаронида шуда буд.                   Аз вазорати мудофиа ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни машқ андешидани тадбирҳои самарабахш зимни рух додани фалокатҳои табиӣ, аз ҷумла зилзила ва ҳуҷуми дастаҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва наҷот додани одамон аз асорат санҷида мешаванд. Дар машқ гурӯҳҳои низомии зудамал, разведка, таъминоти моддию техникӣ ва кӯмаки башардӯстона ширкат меварзанд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машқи имсолаи «Ҳамкории минтақавӣ -2009» панҷ давлат — ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Август 6, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад