МАСОҲАТИ ҶАНГАЛЗОРҲО ВАСЕЪ МЕШАВАД
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, аз тарафи муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикор 1276,5 га ҷангал бунёд ва барқарор карда шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 226,5 га зиёд аст. Муассисаи мазкур дорои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ буда, дар онҳо 2 млн. 230 ҳазор бех ниҳол парвариш карда мешавад. Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ соли ҷорӣ навъи ниҳолҳо низ зиёд карда шуд, ки он нисбат ба соли сипаришуда 500 ҳазор бех зиёд аст. Фаъолияти кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор дар соли ҷорӣ беҳтар ба роҳ монда шуд. Аз тарафи кормандони соҳа зиёда аз 241 қонунвайронкунии ҷангал дар нимсоли аввали соли 2009 ошкор гардид, ки маблағи зарари он 103,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Алҳол 25 фоизи зарар барқарор карда шуда , боқимондаи он то охири соли ҷорӣ пурра рӯёнида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






