МАВОДИ ҒИЗОӢ ҚИМАТ АСТ
Бадахшон, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Гарчанде имрӯз дар бозорҳои вилоят камчинии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ эҳсос намегардад, аммо нархи он ҳамоно баланд аст. Ба қавли тоҷирон сабаби қиматии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки қисмати бештари он аз навоҳии дигари ҷумҳурӣ вориди бозор мегардад. Воридшавии маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ночиз аст. Коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳсулоти кишоварзони вилоят то ҳадде вориди бозорҳои Бадахшон мегардад, аммо яке аз сабабҳои асосии баланд будани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки дар бозорҳо теъдоди зиёди миёнаравон фаъолият доранд. Онҳо дар бозорҳо ҷойҳои беҳтаринро ишғол намуда, маҳсулотро аз деҳқонон бо нархи арзон харидорӣ намуда, ба он нархи иловагии дандоншиканро зам карда, мегӯянд, ки ин маҳсулотро аз вилояти Хатлон овардаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






