МАВСИМИ НАВБАТИИ ТЕАТРӢ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский тайёрӣ ба оғози мавсими 73 — юми театрӣ оғоз ёфт. Ҳафтаи оянда дар ин ҷо машқи асарҳои саҳнавие оғоз меёбад, ки ба барномаи нав дохил карда шудаанд. Дар театр дар оғози мавсими нав ба тамошобинон асари саҳнавии Темур Зулфиқоров «Ишқи нахустини Насриддин» намоиш дода мешавад, ки онро коргардон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст. Баъд ба тамошобинон асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» пешкаш карда хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






