МАВСИМИ НАВИ ТЕАТРИ ЛӮХТАК
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Театри давлатии лухтак ба мавсими 24-уми фаъолияти худ тайёрӣ мебинад. Дар оғози мавсими нав дар ин ҷо асари саҳнавии коргардон Изатулло Сафаров «Маликаи шоҳ» намоиш дода мешавад. Роҳбарияти театр хабар медиҳад, ки ғайр аз ин дар мавсими нав намоиши асари нав пешкаши тамошобинон мегардад. Ғайр аз ин намоиши асарҳои саҳнавии пештара давом дода хоҳад шуд. Театри лӯхтак дар нимаи аввали мавсими соли равон дар ду ҷашнвораи байналхалқии театрҳои лӯхтак иштирок хоҳад кард. Соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналхалқии «Чодари хаёл» баргузор мегардад, ки мизбонии он ба зиммаи театри лӯхтаки шаҳри Душанбе гузошта хоҳад шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






