МИКРОАВТОБУС ОТАШ ГИРИФТ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 19 август микроавтобуси мусофирбар, ки онро ронандаи 38 — сола Абдураҳмон Бобоев идора мекард, дар кӯчаи Сино ғайричашмдошт оташ гирифт. Дар натиҷаи тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки сӯхтор бо гуноҳи ронанда сар задаст. Худи мошин дар натиҷа пурра сӯхта нобуд шуд. Мусофирони он осеб надидаанд. Айни ҳол сабабҳои рух додани оташ ва маблағи зарари он муайян карда мешаванд. 22 август дар хоҷагии деҳқонии «Хум — 95» — и ҷамоати Навободи ноҳияи Турсунзода сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор 35 гектар ғалла, 25 гектар алафзори хушк ва 15 гектар ҷавдор сӯхта нобуд шуд. Ҳаҷми умумии зарари сӯхтор 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 17 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Зарари умумии моддии онҳо 29 ҳазору 402 сомониро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






