МУҲОКИМАИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирўз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шўъба ва муассисаҳои тобеи вазорат иштирок карда, оид ба самти фаъолияти хеш гузориш доданд. Аз ҷумла, оид ба фаъолияти эҷодӣ, кадрӣ, молиявӣ ва хоҷагии Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский, фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳрҳои Қайроқум ва Табошари вилояти Суғд, вазъи эҷодӣ ва кадрии Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара афкори ақида намуданд. Ҳамчунин фаъолияти муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик дар соли 2008 ва нимсолаи аввали соли 2009, баргузории Фестивал-озмуни 3-юми ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ба номи Р. Д. Айропетянс ва ғайра баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарор қабул карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






