МУАЛЛИФИ СЕ СУРУДИ МИЛЛИИ РУСИЯ ВАФОТ КАРД

Август 27, 2009 16:59

                Маскав, 27 август. (АМИТ «Ховар», РБК.ру). — Имрӯз дар шаҳри Маскав шоир, драмнавис классики адабиёти шӯравӣ, мухбири ҳарбӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муаллифи матни ду суруди миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Русия Сергей Михалков дар синни 97 — солагӣ вафот кард.                С.Михалков соли 1913 таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз дар синни наврасӣ ба навиштани шеър шурӯъ карда буд. Шеърҳои ӯ аз соли 1928 сар карда, дар матбуот чоп мешуданд. С.Михалков соли 1937 Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро хатм кардааст. Ҳамон сол як шеъри дар рӯзномаи «Правда» чопшудаи Сергей Михалков ба Иосиф Сталин маъқул мешавад. Ин имкон медиҳад, ки С.Михалков ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул гардида, баъдан ба Донишкадаи адабӣ дохил гардад.              С.Михалков муаллифи матнҳои ду суруди миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва суруди миллии имрӯзаи Федератсияи Русия буда, классики ҳақиқии адабиёти бачагона ба шумор меравад.              С.Михалков Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаҳои ба номи Ленин, ба номи Сталин, академики Академияи маорифи Русия, дорандаи ордени Андреи муқаддас мебошад. Маҷмӯаи ашъори «Амаки Стёпа» ба қалами С.Михалков тааллуқ дорад.              Писарони ӯ Никита Михалков ва Андрей Кончаловский дар соҳаҳои адабиёт ва кинои шӯравӣ ва Русия ҳамчун коргардон ва намоишноманависи боистеъдод маъруф мебошанд.              Президенти Русия Дмитрий Медведев ва Сарвазир Владимир Путин ба аъзои оилаи С.Михалков ва хешу таборони онҳо ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Август 27, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!