МУКОФОТ БАРОИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҚОТИЛОН
Грозный, 18 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Президенти Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров ваъда кард, ки барои додани маълумот дар бораи қотилони панҷ сокини русзабони деҳаи Первомайская мукофот дода хоҳад шуд. Аз рӯи хабарҳои расида, ҷасадҳои панҷ сокини деҳаи мазкур 17 август дар хонаашон ёфт шуд. Р.Қодиров изҳор намуд, ки дар ин бора ба Фонди минтақавии ба номи А.Қодиров пешниҳод ба миён хоҳад гузошт. Қайд карда шуд, ки ин рафтори қотилон на ба қонунҳои Чеченистон, на ба қонунҳои Русия ва на ба қонунҳои ислом мувофиқат намекунад. Президенти Чеченистон зикр кард, ки агар фарзандони хурдсоли шахсони ҳалокшуда хеши табори наздик надошта бошанд, вай тайёр аст, онҳоро ба оилаи худ гирифта, ҳамчун фарзандони худаш тарбия кунад. Р.Қодиров ба муовини раиси Фонди А.Қодиров, раиси шаҳри Грозный Муслим Хучиев супориш дод, ки маросими дафни шахсони ҳалокшударо аз ҳисоби давлат гузаронад. Тибқи хабарҳои аз Грозный расида, ҳамсояҳои оилаи Калиниченкоҳо ҷасадҳои панҷ аъзои оилаи мазкурро баъди чошти 17 август дар ҷои хобашон пайдо карданд. Шахсони номаълум Вера Калиниченко, Алексей Калиниченко, Антонина Калиниченко, Дмитрий Крючков ва Мария Свинсоваро дар ҷои хобашон паррондаанд. Инчунин аз ҳамон хона як писарча ва як духтарчаи якуним ва сесола ёфт шуданд, ки дар натиҷаи ҳуҷуми қотилон осеб надидаанд. Сардори Раёсати хадамоти Федералии амнияти Чеченистон Александр Сулимов зикр намуд, ки ин амали ҷинояткоронаро аъзои яке аз гурӯҳҳои силоҳбадастон содир намудаанд. Ҳадафи онҳо ноором ва муташанниҷ сохтани вазъияти Чеченистон ва авҷ гирондани хусумати байни миллатҳо мебошад. Қайд карда шуд, ки мутахассисони хадамоти федералии амният ба тафтиши ин воқеа шурӯъ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






