МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОДИРБЕК СОРБОЕВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қодирбек Сорбоевро, ки барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. «Қирғизистон барои Тоҷикистон дӯсти содиқ ва шарики боэътимод аст, ки бо он моро ҳазорон риштаҳои ногусастании дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи бисёрасра пайванд месозанд», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Аз рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва пайвастагии робитаҳо, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳо барои омода кардани ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бояд дар сатҳи сарони давлатҳо сурат бигирад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Таҳкиму густариш додани ҳамгироӣ баҳри рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва таъмини амнияту субот аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид. Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри пайвастани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар ба шабакаҳои барқию нақлиётии Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ аз тариқи кишварҳои Чин ва Афғонистону Покистон бори дигар таъкид намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






