МУЛОҚОТИ ЗАРИФ АЛИЕВ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Ин лаҳзаҳо дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мулоқоти намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ бо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Алиев давом дорад. Котиби масъули Иттифоқи журналистон Пӯлод Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Зариф Алиев дар ҳузури хабарнигорон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори оммавӣ» маърӯза мекунад. З.Алиев ба иштирокчиёни ҷамъомад баъдан дар бораи корҳои анҷомдода баъди ба ин вазифа таъин гардиданаш ва вазъияти эҳтироми ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ маълумот хоҳад дод. Тарҷумон — Қудратов А.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






