НОБИНОЁН ҲАМ МАКТАБ МЕХОҲАНД

Август 27, 2009 08:57

                  Кӯлоб, 26 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов). — Ҷамъияти нобиноёни минтақаи Кӯлоб аз барҳам хӯрдани мактаби махсуси нобиноён дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ менамоянд. Ба қавли масъулини ин ҷамъият мактаби номбурда барои кӯдакони нобино бинобар камбудии адабиёти таълимӣ ва нарасидани муаллимону мураббиён соли гузашта барҳам дода шуд ва аксари кӯдакони нобино ба мактабҳои дигари шаҳр фиристода шудаанд. Бино ба гуфти раиси ҷамъияти нобиноёни минтақаи Кӯлоб Маҷид Ҳафизов, акнун беш аз 40 нафар наврасони нобино аз таҳсил дур мондаанд.                 Нафақахӯри нобино Назаралӣ Хушвақтов ба мухбири АМИТ "Ховар" гуфт, ки замони шӯравӣ дар ин мактаб беш аз 100 навраси нобино таҳсил мекард. Вай аз бастани ин мактаб ва аз таҳсил дур мондани фарзандони нобиноён изҳори норизоӣ намуд.                   Муаллими мактаб Эмом Зуҳуров мегӯяд, ки борҳо барои барқарор намудани мактаб муроҷиат намудаанд, аммо идораи маорифи шаҳр боз кардани ин мактабро дигар салоҳ надонист. Вай мегӯяд, дигар касе парвои таълим гирифтани нобиноён надорад.                   Мушкили дигаре, ки имрӯз нобиноёнро нигарон намудааст, камбудии адабиёти таълимӣ ва бадеӣ мебошад. Замони шӯравӣ дар маҳаллаи қориён китобхонае фаъолият дошт, ки китобҳои он махсус барои нобиноён чоп карда шуда буданд. Аммо ин китобхона ҳоло пурра хароб гардидааст.                  Хосият Шариповаи нобино мегӯяд, ягона шуғли нобиноён гӯш кардани радио мебошаду халос.                 Дар шаҳри Кӯлоб маҳаллаест, мавсум ба қориён, ки дар он ҳудуди сад тан оилаи нобино ба сар мебарад. Ин мактаб барои нобиноён охирин макони машғулияти нобиноён буд, ки акнун пурра баста шудааст. Қаблан корхонаи ресандагӣ ва китобхонаи нобиноён хароб шуда, ҷои он дӯконҳои фурӯши маводи ғизоӣ бунёд намуда буданд.                  Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб қариб шашсад нафар нобино зиндагӣ мекунад.   

Август 27, 2009 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд