ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ МАШҚИ ҲАРБӢ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — 26 август дар Маскав дар бинои Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ даври аввали машқи муштараки умумии истифодаи Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши зудамали СААД оғоз ёфт. Дар ҷараёни машқ роҳу усул ва воситаҳои истифодаи қувваҳои мазкур дар мавриди зарурат дар қаламрави давлатҳои аъзои созмон санҷида ва таҳлил карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машқи мазкур аз Тоҷикистон гурӯҳи зудамали вазорати мудофиа таҳти роҳбарии генерал – майор Рашид Воҳидов ширкат меварзад. Машқи мазкур дар се давра гузаронида мешавад. Даври аввали он аз 26 то 28 август дар Маскав, даври дуюм аз 19 то 28 сентябр дар Белорусия ва даври сеюм аз 2 то 15 октябр дар Қазоқистон баргузор хоҳад гашт. Дар давраҳои дуюму сеюми машқ аз ҳамаи давлатҳои аъзои созмон қариб 7 ҳазор хизматчии ҳарбӣ, 120 танк ва бештар аз 40 адад ҳавопаймоҳои низомӣ истифода бурда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки айни ҳол СААД Федератсияи Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






