ОМОДАГИИ ПОЙТАХТ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН

Август 25, 2009 15:18

                   Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷараёни татбиқи амалии Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба вазифаҳои таъхирнопазири мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010» дар ҷаласаи назоратӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.                    Раиси шаҳр баъд аз таҳлили корҳои дар ин самт анҷомдодаи корхонаҳои муҳандисӣ ва ҳаётан муҳими пойтахт ва нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, аз ҷумла Идораи шабакаҳои барқии шаҳр, Маркази гармидиҳӣ ва барқӣ, Муассисаи шабакаҳои гармидиҳӣ, ҶС «Душанбегаз», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва дигар сохторҳо ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.                   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, масъулин вазифадор гардиданд, ки тамоми корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешомадро то рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонанд. Зимни ҷамъомад Сарраёсати ободонии шаҳр вазифадор гардид, ки таъмиру азнавсозии роҳҳоро дар кӯчаҳои пойтахт тибқи нақша ба анҷом расонад.                  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъалаи танзими нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт дар давоми моҳи шарифи Рамазон дахл намуд. Дар ин замина хулосаҳои гурӯҳи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуд.                 Таъкид гардид, ки баъзе фурӯшандаҳо аз беназоратии масъулини бозорҳо истифода карда, нархи маҳсулоти гуногунро баланд бардоштаанд. Раиси шаҳр иҷрои ҳатмии дастурҳои зимни машварати рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар ин ин самт баёншударо, ки мақсади асосии он аз 10 то 30 фоиз арзон намудани маводи ғизоӣ маҳсуб меёфт, аз шахсони масъул талаб намуд.  

Август 25, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид