ОЁ ЗИМИСТОН БЕ БАРҚ НАМЕМОНЕМ?

Август 28, 2009 10:28

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи шартномае, ки дар даҳҳаи моҳи августи соли ҷорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҶумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст, ҳар рӯз аз ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 то 23 млн. кВт соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Боиси тазаккур аст, ки тибқи шартномаи ба имзорасида дар моҳи август ва сентябри соли ҷорӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ба миқдори 500 млн. кВт соат нерӯи барқ харидорӣ менамояд.                  Ҳамзамон, тирамоҳи соли 2009 ва зимистони соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон барқи аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифтаашро на ба хориҷи кишвар, чи тавре ки пештар буд, балки онродар дохили кишвар баҳри истифодаи умум сарф хоҳад кард.                  Бо ин тадбир масъалаи дар зимистон бо барқ таъмин кардан аҳолӣ ҳалли худро меёбад.

Август 28, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад