ПАЖӮҲИШГАРОНИ ЭРОНӢ БА ТОҶИКИСТОН РАСИДАНД

Август 5, 2009 16:13

                    Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гурӯҳи пажӯҳишии Анҷумани «Манзар»-и Донишгоҳи Теҳрон баъди шиносоӣ бо тамаддуну фарҳанги кишварҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон тавассути нақлиёт озими Тоҷикистон шуданд.                    Гурӯҳи беш аз 30 нафара, ки онро доктори Донишгоҳи Теҳрон Оташинбор сарпарастӣ менамояд аз донишҷӯёну пажӯҳишгарон иборат аст.                    Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин гурӯҳ қаблан зимни чор сафари пажӯҳишии худ ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва шарқӣ аввалин бор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни ин давлатҳо ошно мегарданд.                    Алҳол, ин гурӯҳ шаҳрҳои бостонии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистонро тамошо карда, бо ёдгориҳои қадимаи ин шаҳрҳо, санъат, урфу одат ва санъати шаҳрсозӣ шинос гардиданд. Пажӯҳишгарон ҳамчунин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, баъдан ба Қирғизистон мераванд.                  Гурӯҳи пажӯҳишии мазкур зимни бозгашт ба Эрон хотираҳои сафари худро гирдоварӣ намуда, доир ба таъриху тамаддун ва фарҳангу санъати меъморию шаҳрсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ китоб нашр менамоянд.

Август 5, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад