ПЕШИ РОҲИ БЕМОРИИ СӮХТАНӢ ГИРИФТА МЕШАВАД

Август 17, 2009 10:27

                    Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Хадамоти давлатии назорати байторӣ Муллоҷон Амирбеков, як гурӯҳи мутахассисони соҳа барои аниқ кардани маркази бемории сиёҳзахм — сӯхтанӣ (сибирская язва) ба деҳаи Майдапатаи деҳоти «Ватан» — и ноҳияи Фархор сафар карданд.                    Боиси ёдоварист, ки чанд рӯз пештар бо гумони мубталои сиёҳзахм 11 нафар сокинони деҳаи Майдапатта бистарӣ гардонида шуданд.                  Аз сабаби он ки ин беморӣ аз ҳайвон ба инсон мегузарад, духтурони байторӣ наздик ба 300 ҳайвони майдаро дар маҳалли беморӣ зери ташхис қарор доданд ва дар 30 сар ҳайвон ин бемориро ошкор намуданд.                  Солҳои охир бо сабаби нарасидани доруворӣ ва нагузаронидани эмкунии ҳайвонот ин бемории ниҳоят хавфнок дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гоҳ — гоҳ пайдо мегардад.Деҳаи Майдапатта ҳоло зери назорати духтурон қарор дорад.                  Барои пешгирии пурраи ин беморӣ бояд оҷилан тамоми ҳайвоноти хурду калони ин деҳа ваксинатсия карда шуда, гӯшти ҳайвоноти фавтида нобуд карда шавад, — афзуд сардори Хадамоти назорати байторӣ доктори илмҳои ветеринарӣ М. Амирбеков.

Август 17, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид