ПЕШНИҲОДИ РУСИЯ БА СММ

Август 27, 2009 14:10

               Маскав, 27 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Федератсияи Русия ба унвони муншии умумии СММ муроҷиатнома фиристода, хоҳиш намуд, ки ба рӯзномаи иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ масъалаи таҷлили ботантанаи 65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дохил карда шавад. Ин хоҳиши Русияро Ӯзбекистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгирӣ намуданд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муроҷиатномаи Русия ҳамчун ҳуҷҷати расмии Маҷмаи кулли СММ пахш карда шуд.                Дар шарҳи муроҷиатнома гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ба таври ҳамеша наҷот додани инсоният аз хавфи ҷанг сабаби асосии ташкили Созмони Миллали Муттаҳид гардид. Бинобар ин имрӯз ба назар гирифтани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, поси хотири миллионҳо нафар қурбониён ва мусоидат ба ҳифзи таърихи халқҳо аҳамияти калон дорад.                Бузургдошти ғалаба дар ҷанг бар фашизм аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки айни ҳол кӯшишҳои таҳрифи таърих ва тафтиши натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва мурофиаи Нюрнберг торафт бештар мушоҳида карда мешавад, гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Август 27, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид