ПИРӮЗИИ ҲОМИД КАРЗАЙ ДАР ИНТИХОБОТ
Кобул, 25 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Вазири молияи Афғонистон Умар Зуҳалволо дар маҷлиси ҳукумат хаюбар дод, ки президенти ҳозираи Афғонистон Ҳомид Карзай дар интихоботи президентии 20 август баргузоргардида ба аксарияти овозҳои интихобкунандагон соҳиб гардида, боз сардори давлат интихоб шуд. У.Зуҳалволо зикр намуд, ки то имрӯз 5 миллиону 450 ҳазор варақаи овоздиҳӣ ҳисоб карда шуд. Дар интихобот 3 миллион нафар ба тарафдории Ҳ.Карзай ва 1,5 миллион нафар ба тарафдории номзади дигари мансаби президент, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Абдуллои Абдулло овоз доданд. Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои мазкур хусусияти пешакӣ доранд. Комиссияи мустақили интихобот натиҷаҳои аниқи интихоботро рӯзҳои наздик эълон хоҳад кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






